Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳайати комиссияи озмун — Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Китобхонаи миллӣ, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои комиссия-муовини сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагон, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», сармуҳаррири нашриёти «Адиб», ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён иброз намуданд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст. Раванди баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳо далели он аст, ки мардуми мо ба суннати ниёгони худ арҷ гузошта, барои муаррифии ҳунару истеъдод, маҳорату малакаҳои дониш аз илму фанҳои табиию риёзӣ ва китобхонию суханварӣ ҷаҳду талош менамояд.
Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст. Дар ин росто, барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофотҳои пулӣ якчанд имтиёзҳо низ муқаррар гардидаанд.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илм, муовини раиси комиссия Муҳаммадюсуф Имомзода вобаста ба тасдиқи санадҳои ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун ва иҷозат додани ғолибон барои иштирок дар даври чорум, муовини якуми Вазири маориф ва илм, котиби комиссия Муҳаммаддовуд Саломиён вобаста ба омодагӣ барои баргузории даври чоруми озмун, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо ва ҷадвали баргузории озмун, интихоби ҳайати ҳакамони даври чоруми озмун ва комиссияи аппелятсионӣ гузориш доданд.
Зикр гардид, ки соли сеюм аст, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сар то сари кишвар ҳамовозии махсус касб карда, теъдоди иштирокчиёни он низ пайваста меафзояд. Яъне, ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз ҷониби ҷомеа, махсусан хонандагон, омӯзгорон ва падару модари онҳо ба таври васеъ мавриди дастгирӣ ва пазириш қарор гирифтааст ва ҳадафҳое, ки Президенти мамлакат аз ин ва ду озмуни дигар доранд, амалӣ гардида истодаанд.
Вобаста ба ин, дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилот давраҳои якум, дуюм ва сеюм бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор ва ҷамъбаст гардиданд.
Даври сеюми озмун дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нимаи дуюми моҳи октябр баргузор шуд. Ҳайати ҳакамон ва масъулони баргузории ин даврро (ғайр аз шаҳри Душанбе) комиссияи ҷумҳуриявӣ таъйин менамояд. Имсол бо дархости вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аксари аъзои ҳакамон ва раисони ҳакамон аз ҳисоби олимону адибон ва рӯзноманигорону омӯзгорони минтақаҳо таъйин карда шуданд. Дар маҷмӯъ, пас аз баррасии санадҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳо довталабон ба даври чорум роҳхат пайдо кардаанд.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, бо назардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорони ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ба ҳайат ва аъзои комиссия дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва холисона баргузор намудани даври ҷамъбастии озмун тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
АКС аз Вазорати маориф ва илми ҶТ