Тоҷикистон Барномаи нави минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ имзо гузошт
ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маросими имзо ва оғози Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) дар шаҳри Тошканд 24 ноябр баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода иштирок кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Музаффар Ҳусейнзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии онро дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кумаки фаннӣ муҳим хонд.
«Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ба андешидан ва роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муассир ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир равона хоҳад шуд», — изҳори умедворӣ кард муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






