Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ вусъат мебахшанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи сайёҳӣ, ки ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ мусоидат мекунанд, 15 ноябр дар шаҳри Давҳа зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси Муассисаи фарҳангию сайёҳии Давлати Қатар доктор Холид Иброҳим Ал-Сулайтӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Қатар хабар медиҳад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар наздиктарин фурсат нақша ва барномаҳои танзими чорабиниҳои муштаракро бо мақсади муаррифии имконияти гардишгарӣ дар кишварҳои ҳамдигар, танзими намоишгоҳҳои марбут ба саёҳат ва ҳунарҳои мардумӣ бо шумули барномаҳои фарҳангӣ таҳия кунанд.
Хотиррасон мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ «Qatar Travel Mart 2021», ки 16-18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қатар








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






