Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи содироти маҳсулоти нафту газро баррасӣ намуданд

Ноябрь 20, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи электроэнергетика, аз он ҷумла фаъолияти НБО Сангтӯда-1, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ бунёд гардидааст, фароҳам овардани имкониятҳои истихроҷи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин вобаста ба идомаи ҳамкории судманд доир ба масъалаи воридоти маҳсулоти нафту газ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, инчунин як қатор масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи ҳарду ҷониб дар ин ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки баҳри тавсеа ва ҳалли масъалаҳои дар рӯзномаи мулоқоти кории мазкур дарҷгардида, ки дар маҷмӯъ барои вусъатбахшии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷониба байни ду кишвари ба ҳам дӯст равона карда шудаанд, минбаъд низ кӯшишҳо ба харҷ дода хоҳанд шуд.

АКС: Вазирати энергетика ва захираҳои об

Ноябрь 20, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад