Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таҳкими сулҳу субот дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Ноябрь 22, 2021 15:54

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе 17-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҷонибҳо идомаи ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро бо дарназардошти пайомадҳои COVID-19 ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни ду минтақаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ батафсил матраҳ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Талошҳои судманди муштараки тарафҳо дар ин арса, бахусус дар амри ҳифзи сарҳади кишварҳои минтақа бо Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.

Гуфтугӯи созанда инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Ноябрь 22, 2021 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард