1 декабр — Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО. Дар Тоҷикистон барои мубориза бо ин беморӣ 7 барнома қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз соли 1988 инҷониб ҳамасола доир шуда, мақсад аз он пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба бемории мазкур мебошад.
Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам Рустам Нуров иброз дошт, Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест.
«Дар ҳолати сироят ёфтан ба вируси мазкур ҳуҷайраҳое, ки иммунитети одамро идора мекунанд, заиф гардида, боиси пайдо шудани бемориҳои дуюмдараҷа мегарданд. Аз соли 1991 то ба ҳолати 30 сентябри соли равон дар мамлакат 13 ҳазору 802 нафар шахсони сироятёфта ба ВНМО ба қайд гирифта шуда, аз инҳо 3 ҳазору 855 нафарашон фавтидаанд. Айни замон 9 ҳазору 947 нафар шахсони бо вирус зиндагикунанда дар қайди оморӣ қарор доранд»,- мегӯяд мавсуф.
Ба зикри ҳамсуҳбати мо, дар асоси ташхисҳои гузаронидашуда ҳамасола ба ҳисоби миёна 1200-1300 нафар шахсони сироятёфта аз Вируси норасоии масунияти одам ошкор ва ба табобат фаро гирифта мешаванд. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, дар 9 моҳи соли равон 732 нафар шахсони гирифтори Вируси норасоии масунияти одам ошкор карда шудаанд. Нишондиҳандаи мазкур дар 9 моҳи соли 2020 890 нафарро ташкил медод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли равон 158 нафар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 7 барнома ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам қабул карда шуданд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оид ба пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардида, яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани маҷмуи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ), пешгирии паҳншавии сироятпазирии ВНМО, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон шурӯъ аз соли 1997 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва тадбиқ мегарданд»,-иброз дошт номбурда.
Ин аст, ки аз шумораи умумии нафарони бо ин вирус зиндагидошта 87%-и онҳо комилан безарар буда, наметавонанд вирусро ба дигарон интиқол диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бино ба таҳлили мутахассисони соҳаи тиб, ВНМО тавассути хун, алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда, инчунин аз модари сироятёфта ба навзод ҳангоми таваллуд, истифодаи асбоби тиббии тамъизнашуда ва ширмаконӣ мегузарад.
ВНМО тавассути оби даҳон, салом кардан, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад. ВНМО системаи иммунитети шахсро заиф карда, онро барои солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






