3 ДЕКАБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад

Декабрь 3, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 декабр бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳбарӣ ва иштироки шахсони маъюб дар роҳи ташкили ҷаҳони фарогир, дастрас ва устувор пас аз  COVID-19» конференсия баргузор гардид.

Коференсияи мазкур дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон баргузор шуда, дар он сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед,  намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу,   намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта,  намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони ташкилот ва иттиҳодияҳои маъюбон иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев иброз дошт, имрӯзҳо шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пайваста дастгирӣ меёбанд. Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  соли 1990 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки Иттиҳодияи маъюбон  дар шаҳру ноҳияи кишвар намояндагиҳои худро  дорад. Мақсади ташкилот намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон ва ташкилоти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бо дигар давлатҳо муносибатҳои хуб дошта, узви чанд созмони байналмилалӣ низ мебошад. Мо ҳамеша ғамхорӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунем. Сарвари давлатамон дар ҳама суханрониҳояшон иброз медоранд, ки маъюбонро дастгирӣ кардан зарур аст ва мо аз дастгириҳои пайвастаи  он кас бархурдор мебошем»,-гуфт раиси Иттиҳодияи миллии маъюбон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷ гузошта, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюб тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҷумла, 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд.

Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024″ ва «Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» ба тасвиб расидаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат

Декабрь 3, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид