«ЭКОЛОГИЯ — КОРИ ҲАР НАФАР АСТ». Нигина Назарова аз Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кӯдакон ва наврасон гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 10 Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе Нигина Назарова соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кӯдакон ва наврасон «Экология — кори ҳар нафар аст» дар номинаи «Экология дар ҷаҳон» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи https://экологияделокаждого.рф.
Озмуни мазкур аз ҷониби Хадамоти федералии назорати идоракунии муҳити зисти Федератсияи Русия «Росприроднадзор» ташкил карда шуд, ки ба он Нигина Назарова дар мавзӯи «Экология — кори ҳар нафар аст» тариқи онлайн гузориши видеоӣ пешниҳод намуд.
Озмуни мазкур 25 ноябр дар шаҳри Москва тариқи конфронси онлайнӣ ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон қариб 200 нафарро ба ҷоиза пешбарӣ намуд: 96 нафари онҳо аз рӯи 12 номина ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол карданд, 4 ҷоиза ба журналистон дода шуда, 86 нафар иштирокчӣ бо мукофотҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Росприроднадзор» лоиҳаи барҷастаест, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон, ҷалби кӯдакону наврасон ба барномаи экологӣ ва дастгирии фаъолияти экологии онҳо мебошад. Озмун миёни наврасони аз 7 то 16-сола гузаронида мешавад.
Дар озмун наврасон тариқи онлайн аз 21 давлати ҷаҳон — Перу, Беларус, Панама, Тоҷикистон, Узбекистон, Мексика, Ҳидустон, Чин ва Колумбия иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






