БОМКА ба муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори замонавии мақомоти гумруки Тоҷикистон мусоидат менамояд

Декабрь 2, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ /БОМКА-10/ дар мулоқоти муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Хуршед Шерализода бо намояндагони БОМКА-10  дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо БОМКА-10-ро дар  бахшҳои модернизатсиякунонии мақомоти гумрук, таҷҳизонидани хадамоти гумрук бо техникаи муосир, бехатарии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳад дар давраи пандемияи COVID-19 ва ҳамоҳанг намудани нақшаи кории барномаи (БОМКА-10) барои соли 2022  баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин гуфтугӯи судманд доир ба масоили амнияту суботи минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар масоили мубрам сурат гирифт.

Барномаи БОМКА соли 2003 таъсис ёфта, марҳилаҳои он ба баланд бардоштани иқтидор ва рушди институтсионалӣ, рушди долонҳои тиҷоратӣ, такмили низоми идоракунии сарҳад ва пешгирии интиқоли қочоқи маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд. Ҳар марҳилаи минбаъда бо назардошти зарурати таҳияи марҳилаҳои қаблӣ омода гардида, дар марҳилаҳои қаблии Барнома таваҷҷуҳ ба муҷаҳҳазгардонии инфрасохтори замонавии идоракунии сарҳад нигаронида шудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 2, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд