Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён кумаки моддӣ расонида шуд

Декабрь 28, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, махсусан ятимону бепарасторон дар арафаи Соли нав аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 нафар ятими кулли Мактаб-интернати Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён кумаки моддӣ расонида шуд.

Тавре аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумаки моддиро, ки аз орд, шакар, равған ва туҳфаҳои солинавӣ иборат буд, намояндагони Кумита ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат тақдим намуданд. Бо истифода аз фурсат, намояндагони Кумита бо вазъи шароити будубош ва имкониятҳои ҷории тарбиятгирандагон аз наздик шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастии мактаб-интернати мазкурро ба зимма дошта, дар арафаи идҳои расмӣ ба тарбиятгирандагони он дасти кумак дароз мекунад.

АКСҲО: Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Декабрь 28, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад