Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Декабрь 2, 2021 12:25

ДУШАНБЕ, 2.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рӯи панҷ номина идома дорад.

Дар оғози маросими бошукӯҳ Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза дорои мақоми шоиста мебошад.

Зикр шуд, ки баргузории озмуни мазкур дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баёнгари он аст, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳми муносиб мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи озмун инчунин роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамони озмун, иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки соли сеюм аст озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

Озмуни мазкур аз рӯйи панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ баргузор шуда, иштирокчиён ба се гурӯҳ: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим мешаванд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баён дошт, ки имрӯз тавассути ин озмун дигарбора фарҳанги китобхонию китобдорӣ ва арҷгузорӣ ба китоб зинда шуд. Дар муддати се соли баргузории озмуни мазкур теъдоди нафароне, ки ба китоб рӯ меоранд, беш аз пеш зиёд гардидааст. Ин аз он шаҳодат мдиҳад, ки ибтикороти навбатии Пешвои миллат давоми мантиқии сиёсати фарҳангии эшон аст ва мо бояд дарк кунем, ки дар асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияҳои пешрафта, дар асре, ки инсоният ва кураи Замин ба буҳронҳои бисёр шадид, махсусан буҳронҳои фарҳангию ахлоқӣ дучор шудааст, маҳз рӯ овардан ба китобу китобхонӣ ва тавассути китоб донишманд гардидани насли навраси кишвар наҷоти давлату миллати мо аст.

Дар идома яке аз чеҳраҳои суханвару сухандони озмун, меҳмони чорабинӣ — донишҷӯи соли якуми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмуни мазкур дар соли 2020 Раънои Насриддин иброз дошт, ки дар озмуни имсола иштирокчиён нисбат ба довталабони солҳои қаблӣ фаъолтаранд, сатҳи забондонияшон баландтар буда, китоб зиёд мехонанд.

Ба зикри мавсуф, имконияте, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 барои иштирокчиён  ва ғолибонаш фароҳам овард, беназир аст.

Иштирокчии озмун, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 –и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зайнаб Зиёева, ки дар номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик» дар даври шаҳрии озмун сазовори ҷойи аввал гардидааст, иброз дошт, ки имрӯз хонандагон бештар ба китобхонаю китобхонӣ рӯ овардаанд, зеро онҳо дарк намудаанд, ки танҳо шахси бодонишу ҳушманд метавонад дар пешрафти мамлакат саҳм гузорад.

«Мо ҷавонону наврасони даврони истиқлоли мамлакат миннадории худро ба Пешвои миллат баён медорем, зеро маҳз бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат мо, наврасону ҷавонон имкон пайдо кардем, ки дар чунин озмунҳо иштирок намуда, донишу маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳем», мегӯяд Зайнаб.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи аввали озмун тибқи ҷадвали баргузории озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ иштирок ва ҳунарнамаоӣ менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилот баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталабон иштирок менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Вазорати маориф ва илм

 

Декабрь 2, 2021 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд
Дар Институти биологии Помир озмоишгоҳи биотехнологӣ ба истифода дода шуд