Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 декабр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар доираи барномаи сатҳи баланд Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст гардид. Зимни баргузории он иштирокчиён дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташвиқу тарғиб намуданд, хабар доданд ба мухбири АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.
Дар қонунгузории миллӣ тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Ислоҳоти институтсионалӣ, ки бо мақсади таҳким бахшидани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон амалӣ карда мешаванд, дар рушди ҳуқуқи инсон нақши муҳим доранд. Яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар ин самт таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар фаъолияти худ баҳри рушди ҳуқуқи инсон тадбирҳои дахлдор андешида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 1950 дар ҷаҳон ҳамасола 10 декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Зеро ҳуқуқи инсон дастоварди умумии инсоният буда, халқҳои зиёд дар ташаккули он нақши муассир гузоштаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 6 декабр дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон якчанд барномаҳо гузаронида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






