Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи содагардонии расмиёти савдо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр ҷаласаи сенздаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) ва ҷаласаи шашуми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Миёна оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд.
Дар ҷаласа якчанд масъалаҳо вобаста ба содагардонии расмиёти савдо ва масъалаҳои марбут ба он мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати кам кардани монеаҳо дар савдо ва хизматрасониҳо ба мақомоти дахлдор дастурҳои мушаххас доданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои зикршуда мунтазам вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Дар ҷаласаҳои зикршуда дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаҳои фаъолияти низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва ҷорӣ намудани китобчаҳои электронии Боркашонии Байналмилалии Автомобилӣ (eTIR) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
А. Солеҳзода иброз намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаҳои мазкур иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми навбатӣ вобаста ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати рақамикунонии иқтисоди миллӣ, рушди иқтисоди сабз ва содагардонии расмиёти савдо ба мақомоти дахлдор супориш доданд,.
Дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.
Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати чораҷӯӣ ба вазорату идораҳо ирсол гардиданд.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






