«ДУШАНБЕ — ГАНҶЕ ДАР ҚАЛБИ ОСИЁ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайн гардиданд

Декабрь 3, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 3.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Озмуни  ҷумҳуриявии «Душанбе-ганҷе дар қалби Осиё» муайян гардиданд.  Ҷойи якум ба муовини аввали директори Радиои «Тоҷикистон» Мансур Шоҳиён сазовор дониста шуда, ҷойи дуюм насиби хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҷумъахон Темурзода гардид.  Мақоми сеюмро оилаи ҷавони журналистон — Хуршед Мавлонов ва Шаҳодат Давлатова, ки ҳарду дар озмун фаъолона иштирок намуда буданд, сазовор гардиданд, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Озмуни мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба муносибати пойтахти фарҳангии ИДМ интихоб шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода сухан гуфтанд.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар иброз дошт, ки озмуни мазкур бо ибтикори  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бахшида ба пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 интихоб шудани шаҳри Душанбе аз 20 январ то 20 августи соли равон баргузор гардида, дар он олимону адибон, журналистони касбӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, сокинони пойтахт ва ҳамаи онҳое, ки қобилияти эҷод кардан доранд, аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Маводи ба озмун пешниҳодшуда фарогири дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Душанбе зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои мондагори шаҳрдори ҷавони кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар роҳи ба шаҳри орзуҳо табдил додани Душанбе буд.

Дар ҷараёни озмун Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба макони зебову дилписанд табдил ёфта, дар панҷ соли охир аз лиҳози инфрасохтор дар минтақа ва ҷаҳон рушдкарда арзёбӣ гардидааст. «Ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 далели раднопазири ин гуфтаҳост», -афзуд Абдулло Раҳмонзода.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зикр намуд, ки «бо ташаббус ва иқдомҳои наҷиби Президенти Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе имрӯз пойтахти мамлакат ба шаҳри замонавӣ ва пешрафта мубаддал гардидааст».

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.

Хотиррасон мешавем, ки 21 марти соли равон  дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе  баргузор шуда буд.

Дар идомаи ҳамоиш ба якчанд ВАО-и кишвар, аз ҷумла рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Дар фарҷоми маросим барои болидарӯҳии меҳмонону иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд
Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба Тоҷикистон меоянд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Исфара даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Москва бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд
Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва Чин ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешаванд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар шаҳри Теҳрон «Шаби Тоҷикистон» баргузор гардид