Кумакҳои Пешвои миллат ба Мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб расонида шуданд

Декабрь 30, 2021 10:53

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Соли нави мелодии 2022 дар Мактаб- интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона доир гардид. Зимни он туҳфаҳои идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз сару либоси гарм, пойафзолу шириниҳо иборат буданд, ба тарбиягирандагони мактаб – интернат тақдим намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар маросими тақдими туҳфаҳои Сарвари давлат ба тарбиятгирандагони муассисаи мазкур муовини директори Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» Муҳаммад Ғуломзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иштирок доштанд.

Ҳамчунин Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик», ки сарпарастии Мактаб- интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлобро ба уҳда дорад, 10 адад телевизор, 20 ҷуфт мизу курсӣ, 10 адад асбоби гармидиҳӣ, барои ҳамаи толибилмони муассиса сару либоси гарм ва инчунин дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ маводи озуқаворӣ тақдим намуд.

Дар идомаи ҳамоиш Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба 150 нафар тарбиятгирандагони муасисаи таълимӣ туҳфаҳои солинавӣ инъом намуд.

Зикр шуд, ки тарбиятгирандагони Мактаб- интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди кишвар дасти ёрӣ дароз менамоянд.

АКСҲО аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Декабрь 30, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид