ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад

Декабрь 20, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм,   рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон,  дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр, дар баъзе  ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм,  рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ бориши сусти борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар базе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, рӯзона асосан ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм,  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 20, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд