ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Шабонарӯзи наздик дар қисмати бештари ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳавои сард дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шабонарӯзи наздик дар қисмати бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои сард дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо то ба 10-15 дараҷа сард мешавад, дар баъзе минтақаҳо ин сардӣ то ба 17-22 дараҷа, дар шарқи ВМКБ 25-30 (дар Булункӯл то 48-50) мерасад, иттило доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин, Кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, кит ҳангоми гарм кардани манзил қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд, бо истифодаи асбоби зиёди барқӣ кори шабакаи барқро мушкил накунанд.
Инчунин тавсия дода мешавад, ки дар хонаҳои истиқоматӣ бо вуҷуди будани системаи гармидиҳӣ аз рӯи эҳтиёт захираҳои гармидиҳанда бояд дошта бошанд.
Хонаҳоро бояд гарм нигоҳ дошт, чун ин ягона паноҳгоҳ дар рӯзҳои сард аст. Пеш аз паст шудани ҳарорати хона системаҳои гармидиҳии мустақилро фаъол кунед. Барои пешгирй кардани сӯхтор аз асбоби барқӣ ва обгармкунандаҳои дастсохт худдорӣ намоед.
Ҳангоми боди сахт зери дарахтон, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ наистед. Онҳое, ки дар деҳот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд ғами бехатариву амнияти чорвои худро ҳам хӯранд ва захираи кофии ғизои чорво ҳам дошта бошанд.
Роҳҳои мошингарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Лахш, Душанбе – Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб саҳаргоҳон ва субҳгоҳон ях мебанданд, ҷо-ҷо эҳтимоли ба вуҷуд омадани барфтӯда вуҷуд дорад, ҳамчунин эҳтимоли лағзиши тарма ҳам дар ин роҳҳо кам нест.
КҲФ ва МГ ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия медиҳад, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ бел, ресмону бандҳо, фонусҳо, халтаи қум, ғизои кофӣ барои муҳлати сафар дошта бошанд;
— доштани сару либоси гарм, гӯгирд ва дар обгармкун оби гарм ҳатмист;
— сари вақт дорухонаи шахсии худро дар мошин нав кунед, дар он доруҳои заруриро гузоред;
— қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя намоед, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, ҷойҳои серодам, чорроҳаҳо, пулҳо суръати ҳаракатро суст кунед;
— ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фасилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунед, миёни мошини худ ва мошини пеш фосилаи бештар гузоред, чун нигоҳ доштани мошин дар роҳҳои яхиву пурбарф мушкилот дорад;
— шабонгаҳон ва ё рӯзона вақте ҳаво туману торик аст, ҳаракати худ дар роҳҳоро маҳдуд намоед.
Ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё рӯйдоди нохуш шумо метавонед ба телефонҳои зерин ба навбатдори фаврии КҲФ ва МГ муроҷиат намоед: Кумита-112, 221-91-19, 223-13-11, шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76, ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744, вилояти Суғд — рамз 3422 тел: 51555, 57995, вилояти Хатлон– рамз 3222 тел: 23505, 27827, ноҳияҳои Кӯлоб– рамз 3322 тел: 21656, 21657, ноҳияҳои Рашт– рамз 3131 тел: 22374 ва ноҳияҳои Ҳисор– рамз 3139 тел: 26074
Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар, аз қабили Майхура дар минтақаи Варзоб ва километри 72-уми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ, инчунин роҳи мошингарди Душанбе — Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст.








Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд






