Оилаи соҳибкорон Сатторовҳо ба хонандагони ятиму маъюб ва ниёзманди Литсейи касбӣ-техникии Ҳисор кумак намуданд

Декабрь 30, 2021 10:54

ҲИСОР, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалҳои хайр  бахшида ба Соли нави мелодӣ аз ҷониби оилаи соҳибкорон Сатторовҳо ба 20 нафар хонандагони ятиму маъюб ва камбизоати Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, аз қабили 50-килограммӣ орду равғани растанӣ ва шакару макарон тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои директори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор Миҷгона Каримова оилаи Сатторовҳо сиёсати хайрхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда,  дар ҷашни Наврӯзи соли 2021  ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ барои хонандагони муассиса либосворӣ харида буданд.

Оилаи Сатторовҳо бо ин амали хайрхоҳона- дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд вазифаи инсонию виҷдонияшонро иҷро намуда, дар амалишавии сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат саҳми арзанда мегузоранд.

АКС аз Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор

Декабрь 30, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад