Туркманистон пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар соҳаи гидроэнергетика ва рӯзномаи иқлим дастгирӣ кард

Декабрь 2, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 02.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Туркманистон аз пешниҳодҳои Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика ва рӯзномаи иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, бахши нақлиёту логистика ҷонибдорӣ намуда, омодагиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар пешбурди ин ташаббусҳои глобалии кишвар ҳам дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва ҳам дар дигар сиғаву арсаҳо иброз кард. Ин нукта 29 ноябр дар Ашқобод зимни брифинг оид ба натиҷаҳои 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ тазаккур дода шуд, хабар медиҳал АМИТ «Ховар».

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар брифинг Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода дар иштирок ва суханронӣ кард.

«Брифингро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов оғоз намуд. Дар брифинг инчунин Дабири кулли СҲИ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви СҲИ дар Туркманистон, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Туркманистон, Роҳбари маркази САҲА дар Ашқобод ва Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ, Раиси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ суханронӣ карданд», — хабар доданд аз ВКХ.

Зимни брифинг, ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо тавофуқоти дар натиҷаи ҷаласаҳои 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва 15-умин Нишасти сарони кишварҳои узви СҲИ 27 ва 28 ноябри соли ҷорӣ бадастомадаро қайд намуда, тасмими кишварҳои узвро барои суръат бахшидан ба раванди ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн ба мақсади табдил додани СҲИ ба сохтори фаъол ва самарабахши иқтисодии минтақавӣ таъкид карданд. Таваҷҷуҳи ширкаткунандагон ба ҳамкориҳои нақлиётиву транзитӣ, иқлимӣ ва энергетика дода шуд.

«Зимнан зикр гардид, ки тамоми пешниҳоду ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон гуногунҷабҳа ва хусусияти глобалӣ доранд. Ҷониби Туркманистон аз пешниҳодҳои Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, рӯзномаи иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, бахши нақлиёту логистика ҷонибдорӣ намуда, омодагиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар пешбурди ин ташаббусҳои глобалии кишвар ҳам дар доираи СҲИ ва ҳам дар дигар сиғаву арсаҳо иброз кард», — омадааст дар иттилоия.

Иштирокдорони брифинг ҳамчунин зикр карданд, ки қабули санади ниҳоии 15-умин Нишаст «Консунсуси Ашқобод оид ба амал» ба ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои узви СҲИ мусоидат намуда, амният ва суботи умумиро таъмин мекунад ва ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа такон мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои СҲИ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла зимни баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он дар доираи Созмон пешниҳод карданд, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин зимн коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.

Изҳори умед карда шуд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва мушаххас сохтани санаи “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби шарикони мо дар Созмон ҷонибдорӣ хоҳанд ёфт.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 2, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд