Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд

Январь 25, 2022 16:33

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит таҳти раёсати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сурат гирифт.

Саммит ба 30 солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуда буд.

Иштирокдорони Нишаст дар робита ба ҳолати муносибати ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар доираи нишасти “Осиёи Марказӣ-Чин” табодули афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ самараи се даҳсолаи охирро дар роҳи рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин ва то сатҳи  шарикии стратегии ҳамаҷонибаи баровардани онҳо баланд арзёбӣ намуданд.

Зимнан, Сарвари давлати мо ташаккули заминаи мусоиди ҳуқуқиву шартномавӣ, роҳандозии муколамаи доимии сиёсӣ дар руҳияи эътимод, нишондиҳандаҳои баланди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохториро натиҷаҳои назарраси ин давра донистанд.

Пешвои миллат алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муколамаи созандаи сиёсии ду давлат дар сатҳи олӣ ва бо тадбирҳои нави амалӣ ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи  ҷанбаҳои гуногуни шарикии стратегии ҷонибҳо ҳам дар чорчуби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба таъкид карданд.

Дар робита ба ин соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои саноат, энергетика, аз ҷумла “энергияи “сабз” ҳамчун заминаи калидии “иқтисоди сабз”, нақлиёт ва таъмини ҳамлу нақли бемамониати борҳо, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ аз самтҳои афзалиятнок дониста шуданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат ҳамчунин густариши муносибатҳои ҳамкориро дар арсаҳои зикргардида дар қолаби механизми “Осиёи Марказӣ-Чин”, аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагиро ба мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, ҳамчунин фароҳам овардани заминаи мусоидро барои ҷалби фаъоли сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”, созгор ба манфиатҳои ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.

Ҳамкориҳои фаъоли ҷонибҳо дар соҳаҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа муҳим дониста шуд.

Муҳимияти ҳамкориҳои ҳамоҳанг дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар шароити  пандемия бо мақсади идомаи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн  Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амниятӣ, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак  таъкид кард.

Дар ин зимн муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа номбар шуданд.

Дар робита ба ин таваҷҷуҳи ҳозирин ба вазъи мураккаби Афғонистон ҷалб карда шуд.

Манфиатдор будани Тоҷикистон ба истиқрори сулҳу субот дар он кишвар бори дигар таъкид карда шуда, аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид  ҷиҳати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ сурат гирифт.

Дар хотимаи сухани худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа, бахусус  дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин зимн муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Чин” таъкид гардид.

Сарони давлатҳо дар хотимаи ин Саммит изҳороти муштарак миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва Чинро тасдиқ карда, ба вазирони корҳои хориҷӣ барои татбиқи минбаъдаи пешниҳоду ташаббусҳои дар чаҳорчӯби саммит баррасишуда супоришҳо доданд.

 

Иштирок дар аввалин Саммити сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Чин” 25.01.2022

Январь 25, 2022 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд