«АЗ ГАЗИ КАРБОН ЗАҲРОЛУД ШУДААНД». Тафсилоти марги шаш муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон дар вилояти Волгогради Русия
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар гармхонаҳои деҳаи Рахинкаи ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгогради Русия ҷасади 6 нафар муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон пайдо карда шуд. Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Волгоград ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамаи онҳо бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ҳалок гардидаанд. Дирӯз ҷасадҳои фавтидагон ба Душанбе оварда шуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз чанд ҷузъиёти марги ҳамватанони мо маълумот дарёфт кард.
Субҳи 26 январ, тахминан соати 12:45 ба вақти Душанбе дар бораи марги дастаҷамъӣ дар гармхонаҳои ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгогради Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ пайдо шуд.
Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Волгоград марги дастаҷамъии шаш нафарро дар наздикии Волгоград тасдиқ кард, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Тавре дар иттилоияи раёсати мазкур омадааст, ки дар ҳудуди шаҳраки Рахински ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград ҷасади шаш мард пайдо карда шуд.
Ба гуфтаи муфаттишон, 26 январ яке аз мардҳо ба гармхона рафта, дар онҷо ҷасади шаш шиносашро пайдо кардааст ва пас аз он ёрии таъҷилӣ даъват шудааст.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби марги шаш нафар заҳролудшавӣ аз гази карбон арзёбӣ мешавад. Нафари дигар, ки ҷасадҳоро пайдо кард, ҳоло ба беморхона интиқол дода шудааст», — гуфтанд дар Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Волгоград.
Маълумотро дар бораи ин ҳодиса раиси деҳа Фёдор Кадовба низ тасдиқ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маълум нест, ки чаро ин муҳоҷирон вориди гармхона шудаанд.
«Дар гармхонае, ки ҷасадҳо пайдо шуданд, танҳо торф буд ва хок барои кишт нигоҳ дошта мешуд. Ягон коре анҷом дода намешуд. Чаро онҳо ба он ҷо даромаданд ва чаро генератореро, ки дар кӯча меистод, ба он ҷо бурданд, тафтишот муайян мекунад», — гуфт Фёдор Кадовба.
Сафорати Тоҷикистон худи ҳамон рӯз кормандони худро ба вилояти Волгогради Русия фиристод. Дар хадамоти матбуоти Сафорат ба мо гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дипломатҳои тоҷик барои пайгирии ин ҳодиса бо ниҳодҳои қудратии Русия ҳамкорӣ доранд.
Дар рафти тафтишот дар гармхонае, ки дар он ҷо генератори газ вокеъ буд, вайрон кардани қоида ва стандартҳои бехатарӣ ошкор карда шуд. Аз ин сабаб, дар дохили он маводи сӯзишворӣ ҷамъ шудааст.
Илова бар ин, бо супориши роҳбарияти раёсат гурӯҳи тафтишотӣ ва кормандони инспексияи давлатии меҳнатии вилояти Волгоград ба хотири тафтиш кардани шароити кории аз ҷониби корфармо барои фавтидагон фароҳам овардашуда ба ҷои воқеа рафтанд.
Сокини Волгоград, ки муҳоҷирони фавтидаро пайдо кард, ба прокурор нақл кард, ки ӯ чӣ гуна талош кардааст онҳоро наҷот диҳад ва худаш аз газ заҳролуд шудааст.
«Омадам, дидам: дар кушода буд, ба бригадир занг задам, вале телефонро набардошт, ба он тараф рафтам, — бо ҳаяҷон гуфт ӯ. — Ба марди куртадор даст расондам, ҳанӯз гарм буд. Пас аз он худро бад ҳис кардам, берун баромадам, дар ин ҷо афтодам, хестам…», — дар ҳамин ҷо сабт ба охир мерасад.
Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми ҷиноят, ки дар қисми 3-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия «Аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон шудан» пешбинӣ шудааст, эълон намхабар дод. Ҳанӯз маълум нест, ки фигуранти асосии он кӣ мегардад.
АКСҲО: Виктор Ястребов









Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард






