«АЗ МУЛОҚОТ БО РУХШОНА ЭМОМАЛӢ, НАХУСТИН ЗАН-САФИРИ ТОҶИКИСТОН ШОДАМ». Дар ин бора Вазири давлатии Британияи Кабир Ториқ Аҳмад дар саҳифаи Twitter-и худ пайғом гузоштааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ 27 январ бо Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод лорд Ториқ Аҳмад Уимблдонӣ мулоқот анҷом дод.
Бино ба хабари Департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.
Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Вазири давлатӣ ба Рухшона Эмомалӣ дар фаъолияташ дар мақоми Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир муваффақият таманно кард.
Ҳамон рӯз лорд Ториқ Аҳмад ин паёмро бо акси якҷоя дар саҳифаи Twitter-и худ нашр намуд:
«Шодам, ки бо Рухшона Эмомалӣ, аввалин сафири зани Тоҷикистон мулоқот намуда, суботи минтақа, иқлим, рушди иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ мекунам. Азбаски мо 30-солагии муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунем, ман ба ҳамкории муштарак барои рушди минбаъдаи муносибатҳоямон умед дорам».
«Delighted to have met Rukhshona Emomali, Tajikistan’s first female Ambassador and to discuss regional stability, climate, economic development and human rights. As we mark 30 years of diplomatic relations, I look forward to working together to build our relations further».
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2021 Рухшона Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд. Мавсуф қаблан дар вазифаи сардори раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд.
Қаблан, 23 августи соли 2021 вохӯрии маҷозии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ лорд Аҳмад Уимблдонӣ баргузор гардид. «Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон атрофи масоили амнияти минтақавӣ ва вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, Вазири давлатӣ лорд Аҳмад бори дигар омодагии кишварашро барои дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти минтақа таъкид намуд», — гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон
АКС: саҳифаи Lord (Tariq) Ahmad of Wimbledon дар Twitter









Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд






