«БЕҲТАРИН ПЕДАГОГ-2021». Омӯзгори тоҷик дар озмуни байналмилалӣ бо дипломи дараҷаи III ва медал сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 8.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» сарфароз гардонида шуд, иттилоъ доданд аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Озмуни мазкур миёни муассисаҳои илмӣ-таълимӣ бахшида ба 30-солагии ИДМ таҳти унвони «Беҳтаринҳо дар маориф-2021» дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки озмун аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» байни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






