Дар давраи таътил дар Суғд озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» гузаронида мешавад

Январь 4, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 04.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътили зимистона бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» баргузор мегардад, ки ҳадафи он ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳо, ғанигардонии ҷаҳони маънавии насли наврас, рушди малакаю қобилияти зеҳнии кӯдакон мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду категорияи синну солӣ — кӯдакони то 14-сола ва наврасони аз 14-сола боло баргузор карда мешавад.

Ҳайати ҳакамон ба теъдоди ашъори ҳифзкарда, маънидод кардани шеъри хондашуда, шарҳи луғатҳо ва ба маҳорати хондани шеър баҳо мегузоранд. Даври аввали озмун 5-6 январ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки ҳаводорони каломи бадеъ, хонадагони муассисаҳои таълимӣ, аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардида, ғолибон муайян ва ба даври вилоятӣ роҳ дода мешаванд. Даври вилоятии озмун 7 январ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят баргузор мегардад.

Тамоми иштирокчиёни даври вилоятии озмун бо Ифтихорномаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд қадршиносӣ шуда, ба ғолибон Дипломи ифтихории Раёсати маорифи вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

 

Январь 4, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад