Дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои омӯзгорон курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд

Январь 28, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 28.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 26 январ барои  омӯзгорони кафедраи химияи умумӣ ва таҳлилӣ, кафедраи биология ва биотехнологияи  Донишгоҳи давлатии Данғара   аз рӯи барномаи «Низоми кредитии таҳсилоти олӣ ва равияи фанҳои табиатшиносӣ» аз ҷониби ҳайати дотсентон ва профессорони Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос гузаронида шуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори бахши гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода. 

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамасола курсҳои такмили ихтисосро дар сатҳи олӣ бо назардошти заминаи илмию техникӣ ва тайёр кардани мутахассисони барҷаста дар сатҳи минтақа ва ҷумҳурӣ бо ҷалби олимона соҳа доир менамояд. Барои шунавандагони курси сайёр зимни баргузории машғулият шароити зарурӣ фароҳам гардида, онҳо аз китобхонаи электронӣ ва анъанавии донишгоҳ, корхонаҳои саноатӣ-истеҳсолии ноҳияи Данғара, парки технологӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ-инноватсиони донишгоҳ боздид менамоянд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара,  профессор Нуралӣ Шоҳиён  оид ба паҳлӯҳои низоми таҳсили кредитӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маорифи ватанӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст.

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  21 декабри соли 2021 таъкид намуданд, ки бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф –сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ, ин ояндаи ободи давлат ва Тоҷикистони азиз мебошад. Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва  технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, то донишҷӯён бо истифода аз синфхонаҳою озмоишгоҳҳо донишу малакаашонро сайқал дода, дар саноатикунонии бусуръат, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардидааст, саҳм гузоранд»,-гуфт  Нуралӣ Шоҳиён.

Ҳайати профессорон бо иштирокчиёни курсҳои такмили ихтисос оид ба мавзӯъҳои  “Проблемаҳои биология дар асри XXI”, “Усулҳои муосири таҳлили химиявӣ”, “Усулҳои таълими химия дар мактаби олӣ”, “Забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ” ва ғайра бо тарзи интерактивӣ, амалӣ ва назариявӣ машғулият гузаронида, ба 30 нафар омӯзгор шаҳодатномаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазъияти идона супорида шуд.

АКСҲО: Донишгоҳи давлатии Данғара

Январь 28, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст