Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 6.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 январ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номина ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021 баргузор гардид, иттилоъ доданд аз бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар расми ифтитоҳи маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар интихоби касбу ҳунар ва талқини ташаккули тарзи ҳаёти солим ба оммавигардонии варзиш ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим равона буда, давоми соли гузашта низ силсилаи ҳавасмандиҳо барои ҷавонону варзишгарон амалӣ гардид.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, «мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд».
Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 42 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоизаҳо дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида шуданд.
Соли равон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 40 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ шуданд.
Инчунин дар маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии 87 нафари дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин маркази ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон», «Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон», «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021» ва «Беҳтарин волонтёри соли 2021» мукофотонида шуданд.
Зикр шуд, ки ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардида, 18 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян шуданд, ки давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур низ дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросим ҳамчунин баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои маъруф манзур гардид.
АКСҲО аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ













Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






