Дар Хатлон корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои омодагӣ оғоз шуданд. Дар робита ба ин Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баргузории ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастур дод, ки баҳри таҳкими корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои оммавӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Ҷаласаи ситод 22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардида, дар он муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилоят аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 январ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шуданд, ёдовар гардид.
Зикр шуд, ки ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии Солҳои рушди саноат (2022-2026), ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар назар аст, ки дар рӯзҳои ид маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар намоишгоҳҳо ба таври густурда ба намоиш гузошта шуда, дар майдонҳо, боғҳои фарҳангу фароғат бо иштироки устодони санъати вилоят барномаҳои оммавӣ баргузор карда шаванд.
Ҷашни Наврӯз ҷузъи муҳими анъанаҳои миллӣ буда, омодагӣ ба он бояд дар сатҳи баланд сурат гирад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз дар ҷумҳурӣ дубора эҳё гардид ва ҳоло ҷашни миллию давлатӣ, рамзи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум, пайванди ногусастании наслҳо мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ва риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ дар робита ба сирояти коронавирус (COVID-19) дастуру супоришҳо дода шуданд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






