Дар Ҳисор ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ доданд

Январь 13, 2022 16:37

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор вохӯрӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор.

Иштирокдорони вохӯрӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар мулоқот идома иштирокдорон оид ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон, ватандӯстӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ сухан гуфта, ҷавононро ба зиракию ҳушёрӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуданд.

Аз сарбозон даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихору шарафмандӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, бо сари баланд ба назди волидайн ва наздиконашон баргарданд.

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

Январь 13, 2022 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст