Дар ноҳияи Деваштич фаъолияти фермаҳои мурғпарварию чорводорӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо фаъолияти фермаҳои мурғпарварию чорводорӣ шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар фермаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳоҷӣ Рауф” беш аз 16 ҳазор сар паранда барои истеҳсоли тухм нигоҳубин карда шуда, соли гузашта 858 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Фермаи мазкур аз се қисмат иборат буда, ҳарсе пурра фаъолият доранд ва дар он 7 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар фермаи соҳибкор Шомурод Шобаротов 50 сар моли калони шохдор барои истеҳсоли гӯшт парвариш мешаванд.
Дар фермаи дигар, ки аз тарафи соҳибкор Ҳамдам Сиддиқов сохта шудааст, парвариши 120 сар чорвои калони зоти “Симентал” барои гӯшт ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят ташкили чунин фермаҳоро барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла тухм ва гӯшт муҳим арзёбӣ карда, барои беҳтар намудани фаъолият ва зиёд намудани саршумори чорвою паранда ба масъулин супоришҳо дод.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд










Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






