Дар ноҳияи Вахш сохтмони Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Вахш сохтмони хобгоҳ барои 480 нафар ва бинои Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор барои беш аз 400 нафар хонанда ҷараён дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
5 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дода, ба масъулин дастур дод, ки иншооти сохташавандаро дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Инчунин зикр намуд, ки то итмоми сохтмони иншоот заминҳои корами атрофашонро сарфакорона истифода бурда, кишт намоянд
Тибқи иттилои масъулин, дар шафати ин бинои таълимӣ бунёду сохтмони нуқтаи тиббӣ, ошхона ва ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Эҳёи Сомониён» бо маблағгузории Ташкилоти хайриявии Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бунёд мегардад. Масоҳати ҷойгиршавии бинои таълимӣ аз 3 гектар иборат буда, атрофи бино бо гулу ниҳолҳои ороишӣ зиннат дода мешавад.
Ҳамчунин раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони коллеҷи аграрӣ дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки коллеҷи мазкур ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистони ноҳияи Вахш бинои таълимӣ барои 480 ҷои нишаст дар ду баст бунёд мегардад. Бинои мазкур бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар доираи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон шуданд, дар ноҳияи Вахш бо ташаббуси соҳибкорони боҳиммати ватанӣ бунёди корхонаи нассоҷӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд.
Дар ҳолати бунёд ва ба истифода супоридани ин корхона 460 нафар сокинони маҳал бо ҷойи кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом на танҳо дар рушди саноату истеҳсоли маҳсулот замина мегузорад, балки ба беҳдошти рӯзгори сокинон низ мусоидат мекунад.
Дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар сехҳои истеҳсолии корхона насб карда мешаванд, аз хориҷи кишвар дастрас гардида, имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро фароҳам меоранд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон











Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






