Доир ба мушкилот ва дурнамои сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сайёҳӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» ҳамоиш баргузор шуд, ки дар доираи он ба ҶДММ «Неруи дунё» иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуда, муҳлати амали ҶДММ «Ҷавоҳир сайр», ҶСК «Кафолат», ҶДММ «Саодат сайр», ҶДММ «Ганҷина», ҶДММ «М.Тур», ҶДММ «Олами саёҳат», ҶДММ «Зигана Тур», ҶДММ «Саёҳатҳои кӯҳҳои Помир» ва ҶДММ «Суғдиён Помир Тур» тамдид гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, намояндагон аз Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти муҳоҷират, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, масъулини шуъбаву бахшҳои сайёҳӣ дар маҳал аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ассосиатсияҳову ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва восиатҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки мақсади ташкили ҳамоиш тақвияти робитаҳои сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳо ва барномаҳои ҷолиб барои мавсими нави сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишвар мебошад.
Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади тақвияти соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди миллӣ иқдомҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар пайи дастгириҳо ва имтиёзҳои фароҳамоварда ҳавасмандии бахши хусусӣ нисбат ба фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гардид.
Дар ҷодаи қабул ва пешкаш кардани хизматрасониҳои муносиб ба сайёҳони хориҷӣ фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии кишвар нақши арзанда мебозад.
Дар ҷалса зикр шуд, ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади мусоидат ба рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида ба 237 субъекти хоҷагидори кишвар иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст, ки 50 адади он ба ВМКБ, 40 адад ба Суғд, 17 адад ба Хатлон, 113 ширкат ба шаҳри Душанбе ва 17 ширкати сайёҳӣ ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Дар ин самти корӣ Кумита самаранокӣ, мақсаднокӣ ва мутобиқ будани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии кишварро ба талаботи муосир ва қонунгузории амалкунанда мунтазам мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳони нав ба кишвар муаррифии захираҳои бойи сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонии соҳавӣ аҳамияти калон дорад. Дар доираи ин тадбирҳо намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар кишварҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, иштирок намуда истодаанд.
Дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбат ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.
Барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд ва имконоту бартарияти кишвар ҳамчун бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ мегардад.
Дар доираи ҳамоиш ҳамчунин ба якчанд ширкати сайёҳӣ барои ҳамкории судманд ва тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ ва саҳм гузоштан дар рушди соҳа сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ тақдим гардиданд.
София ШОИК,
АМИТ “Ховар”
АКС: АМИТ “Ховар”








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






