Донишкадаи ҳуқуқии Сибири ВКД Русия довталабонро барои таҳсил дар соли хониши 2022-2023 даъват менамояд

Январь 19, 2022 14:24

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ«Ховар»/. Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Красноярск довталабонро барои таҳсили зинаи бакалавр дар соли хониши 2022-2023 даъват менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2022-2023 ҷиҳати таҳсили зинаи бакалавр бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Красноярск озмун эълон менамояд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.

Муҳлати қабули муроҷиати довталабон то 10 феврали соли 2022 идома меёбад.

Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти пурра ба шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 52-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ва ё тавассути рақамҳои (+992 37) 233-02-95 ва 234-05-39 дар тамос шаванд.

АКС: Донишкадаи ҳуқуқии Сибири ВКД ФР

Январь 19, 2022 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст