Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон 2,7 баробар афзуд

Январь 25, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар 11 моҳи соли гузашта 18,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2,7 баробар бештар аст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин рақам аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни муҳокимаи Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба  ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод   гардид, бармеояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, тасдиқи созишнома ба баланд шудани сатҳи хизматрасонии нақлиётии байналмилалӣ, содирот, воридот ва транзити молҳо тавассути роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, кушодани роҳҳои оҳан ба кишварҳои дигари аврупоӣ бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари Туркманбошии Туркманистон тавассути баҳри Хазар, инчунин ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо –баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ аз тасвиби ин созишнома ҷонибдорӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Созишнома 4 августи соли 2021 (АКС) оид ба  натиҷаҳои музокироти сатҳи баланд дар Ашқобод дар ҷараёни сафари давлатии Сарвари давлати  Тоҷикистон ба Туркманистон ба имзо расид. Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҷонибдории андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ то соли 2023, таҳияи Харитаи роҳ барои рушди тиҷорат барои ду соли оянда, инчунин истифодаи васеи имконияти бандари байналмилалии баҳрии Туркманбошӣ ва маркази логистикии Тоҷикистон барои боркашонии транзитӣ ба манфиати ҳарду кишвар изҳори назар намуданд.

                                     АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд