Намояндагони доимӣ лоиҳаи рӯзномаи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро, ки дар Душанбе доир мешавад, баррасӣ намуданд

Январь 19, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 18 январ дар шаҳри Минск нишасти нахустини Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар вохӯрӣ намояндагони доимӣ лоиҳаи рӯзномаи навбатии ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки 8 апрел дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор доданд. Ба роҳбарони ниҳодҳои хориҷӣ 8 масъала барои баррасӣ пешниҳод шудааст. Миёни онҳо — натиҷаҳои машваратҳои бисёрсатҳа байни ВКХ дар соли 2021, масъалаи густариши ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, Лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ», лоиҳаҳои илмии ояндадор дар самтҳои афзалиятноки тадқиқоти фундаменталӣ ҳастанд.

Қарор дода шуд, ки лоиҳаи рӯзномаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ба шакли муайян дароварда шавад.

Намояндагони доимӣ инчунин нақшаи кории Шӯроро барои соли 2022 тасдиқ намуданд.

Дар ҷаласа, ки бо истифодаи алоқаи видеоӣ баргузор гардид, Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва муовинони ӯ иштирок доштанд.

Дар назар аст, ки нишасти навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ 15 феврал доир гардад.

АКС: хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ

Январь 19, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд