Операи машҳури «Травиата» аввалин маротиба дар Тоҷикистон ба забони асл намоиш дода мешавад

Январь 18, 2022 09:13

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ моҳи феврал лоиҳаи нави байналмилалиро бо иштироки ситораҳои Тоҷикистон, Италия, Узбекистон ва Озарбойҷон амалӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон хабар доданд.

Моҳи феврал дар саҳнаи театр операи ҷовидонаи Ҷузеппе Верди «Травиата» ба забони асл ба намоиш гузошта мешавад.

«Беҳтарин ҳунармандони операи тоҷик, оркестри беҳамтои мо бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччи, яккахонони мо якҷоя бо Ҳунарманди халқии Узбекистон Рамиз Усмонов ва Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон Афаг Аббосов операи «Травиата»-ро ба тамошобинон манзур мекунанд».

«Алмоси репертуари классикӣ- «Травиата» -достони бебозгашт дар бораи рӯҳи гумшудаест, ки барои наҷот талош дошта, бо ишқ шифо ёфтааст, дар саҳнаи мо савти тоза пайдо мекунад», — иттилоъ доданд аз  Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон.

АКС аз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон

Январь 18, 2022 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст