ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Бӯстон сохтмони се корхонаи истеҳсолӣ ҷараён дорад

Январь 24, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд айни замон сохтмон ва муҷаҳҳазсозии се корхонаи нав — ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ “Ганҷофар” ва корхонаи заргарии “Зари Суғд” ҷараён дорад, хабар дод ба АМИТ «Ховар» корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  Андар Раҳмонӣ.

Тавре маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди бештари иқтисодиёт, зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуданд. Ин тадбири муҳим саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

ҶДММ «Нуртез» бо назардошти талаботи бозор ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда сохта шуда, дар он 60 намуди мехҳои гуногун барои сохтмон истеҳсол карда мешаванд. Корхонаи мазкур метавонад дар як моҳ 40 тонна мехҳои гуногунҳаҷм истеҳсол намояд.

Дар ҶДММ «Ганҷофар» истеҳсоли профилҳо барои сохтмон ва қубурҳои калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, баъди ба истифода додани корхона 25 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Дар корхонаи заргарии «Зари Суғд» васлу насби таҷҳизот идома дошта, барои воридсозии дастгоҳҳои муосир бо ширкатҳои истеҳсолии Олмону Чин ва Туркия шартномаҳо баста шудаанд. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба истифода дода шуда, марҳила ба марҳила дар он то 50 нафар бо кор таъмин мешаванд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 24, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд