Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Январь 13, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Сарони давлатҳо вазъияти кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Муҳтарам Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва сар аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ ба Пешвои миллат маълумот манзур намуданд. Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро муҳокима карданд.

Январь 13, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд