Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон бо директори Агентии карантин ва ҳифзи растании Узбекистон вохӯрӣ намуд

Январь 28, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Узбекистон зимни сафари корӣ раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо директори Агентии карантин ва ҳифзи растании Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Эргашев вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки ҳайати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ менамояд, иштирок намуда, ҷонибҳо доир ба истифодаи имконияти васеи ҳамкорӣ миёни ду мамлакат дар самти карантин ва ҳифзи растанӣ изҳори назар намуданд.

Зимни мулоқот ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти агентӣ, аз ҷумла фаъолияти лабораторияи муосир, лабораторияи сайёр, назорати инспекторон дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон тарафҳо омодагии хешро оид ба мубодилаи таҷриба дар самти барномаву системаҳои компютерӣ барои ҳифзи растанӣ, бозомӯзии мутахассисон, кумаки техникӣ ва ғайра иброз намуданд. Ҷониби Узбекистон ҳайати Тоҷикистонро барои иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Тошканд дар назар аст, даъват намуд.

АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Январь 28, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид