Собиқ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ сактаи мағзи сар шуд

Январь 25, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Абу-Забӣ сактаи мағзи сар шуд. Тавре агентии REGNUM иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии «Меҳр» бо истинод ба Kabul Times хабар дод.

Агентии иттилоотии Би-би-сӣ низ 24 январ бо истинод ба манбаи муътамад дар Абу-Забӣ ин хабарро таъйид кард. Ба гуфтаи ин манбаъ, Ашраф Ғанӣ чанд соат пеш дар манзилаш сактаи мағзи сар шуд.

Бино ба гузоришҳо, Ашраф Ғанӣ ба бемористони Шайх Зоҳид интиқол ёфта, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст.

То ҳол дар ин бора маълумоти бештар дастрас нагардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Ашраф Ғании 72-сола бо ҳамсар ва ду мушовираш пас аз он ки ҷангиёни ҳаракати террористии «Толибон»* эълон карданд, ки тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат гирифтаанд, аз фурудгоҳи байналмилалии Кобул берун шуд. Онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва қасри президентро ишғол карданд.

____________________

 «Толибон» — ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

Январь 25, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад