Сомонаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид

Январь 28, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади роҳандозии тарғибу ташвиқи ғояҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба таври густурда паҳн ва интишор намудани иттилооти ҳизбӣ, дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи расмии ҲХДТ бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар».

Минбаъд хонандагон метавонанд тавассути суроғаи http://hkhdt.tj/ аз навиди ҳизбӣ бохабар шаванд.

Ҳадаф аз фаъол намудани сомона дар тарҳи нав, қабл аз ҳама, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тақвият бахшидани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти ҳизб ба аъзо ва ҷонибдорони он ва ташаккули системаи ягонаи табодули иттилоотӣ бо истифода аз захираҳои иттилоотии электронӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 22 сентябри соли 2006 нахустин маротиба сомонаи расмии ҳизб бо номи «tribun.tj» ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Баъдтар саҳифаи расмӣ номи «hamsafon.tj»-ро гирифт.

Сомонаи нав дар заминаи забони барномасозии муосир таҳия гардида, аз 15 бахш (рубрика) ва зербахшҳои гуногун мураттаб гардидааст. Аз ҷумла, бахши «Роҳбарият» аз 3 зергурӯҳ иборат буда, дар он шарҳи ҳоли Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми раис Абдуҷаббор Азизӣ ва муовинони Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода оварда шудааст.

Бахши «Дастгоҳи КИМ» ба хонанда маълумоти муфассалро дар бораи роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ, низомномаи дастгоҳи ҳизб, фаъолият, низомномаҳо ва шарҳи ҳоли роҳбари маркази матбуот ва таҳлилӣ, шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ ва корҳои махсус, таблиғот ва ташвиқот, занон ва масъалаҳои гендерӣ, кор бо ҷавонон, молия ва хоҷагидорӣ ва ҳуқуқшинос манзур менамояд.

Дар бахши «Сохторҳои маҳаллӣ» дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба сохтор ва роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ имконпазир аст.

Бахши «Фраксия» хонандагони сомонаро бо фаъолияти Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи ҳоли раис ва муовинони раиси Фраксияи ҳизб ошно менамояд.

Бахши «Қабулгоҳи ҷамъиятӣ» фарогири низомнома дар бораи фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ буда, ҷадвали навбатдорӣ ва қабули шаҳрвандонро аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар моҳҳои сол муқаррар менамояд.

«Санадҳо» фарогири 6 санади муҳим дар фаъолияти ҳизбӣ ҳастанд —  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи ҲХДТ, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, Барномаи номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ ва Одобномаи корманди ҲХДТ, ки омўзиш ва риояи ҳатмии онҳо вазифаи ҳар узви ҳизб маҳсуб мебошад.

Бахши «Комиссияи тафтишотӣ» фарогири низомнома ва рӯйхати раис ва аъзои комиссияи тафтишотии ҲХДТ аст. Комиссия сохтори таркибии ҳизб буда, барои назорати фаъолияти молиявии ташкилоти ҳизбӣ масъул мебошад.

Тавассути бахши «Тамос» хонандагон имкон доранд арзу шикоят ва таклифу пешниҳоди худро вобаста ба фаъолияти кумитаҳои иҷроия ирсол намоянд.

Бахши «Дар бораи мо» ба хонанда маълумоти муфассалро оид ба таърихи ҳизб, анҷуманҳои баргузоршуда, Маҷлиси КИМ ва Раёсати КИМ пешниҳод менамояд.

Бахши «Хабарҳо» фарогири навид ва набзи ҳизб аст. Дар бахши «Робитаҳои хориҷӣ» ҳамкории байналхалқии ҲХДТ муфассал матраҳ гардида, низомномаи шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ташкилоти ҷамъиятии дастгоҳи КИМ ҲХДТ интишор шудааст. Инчунин роҷеъ ба фаъолияти пурсамари қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар Федератсияи Русия, ки аз соли 2016 амал мекунад, маълумот дода шуда, барои муроҷиати ҳамватанони бурунмарзӣ – аъзои ҳизб суроға, шумораи телефон ва почтаи электронии роҳбари қабулгоҳ зикр гардидааст.

Бахши «Минбари халқ» хонандаро бо таърихи сертиражтарин нашрияи Тоҷикистон – ҳафтаномаи марказии ҳизб ошно менамояд. Дар ҳамин ҷо низомномаи нашрия ва шарҳи ҳоли сармуҳаррири он зикр мешавад.

«Созандагони Ватан» аз бахшҳои дигари сомона буда, маълумоти васеъро оид ба ин ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд. Бояд гуфт, ки ташкилот соли 2011 таъсис ёфтааст. Ҷавонон аз ин бахш метавонанд оинномаи «Созандагони Ватан»-ро мутолиа намуда, бо роҳбарияти ташкилот ва аъзои Шўрои марказии он бевосита шинос гарданд.

Бахши «Мултимедиа» аз ду зергурӯҳ – суратҳо ва видеоҳо иборат аст. Тавассути он тамошои фаъолияти рӯзмарра ва густурдаи ҲХДТ аз аксҳо ва видеоҳои ҷолиб имконпазир мебошад.

Фаъол гардидани сомонаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозои замон буда, барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар оғози соли нав пайки нек аст. Ба кор шурӯъ намудани саҳифаҳои русӣ ва англисии сомона низ дар назар дошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, ҳудуди 505 ҳазор аъзо, 6463 ташкилоти ибтидоӣ ва 72 кумитаи иҷроия дорад. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб 51% занон ва 34%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ феълан 670 нафар корманди ҳизбӣ фаъолияти пурсамар мебаранд.

Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҳамаи алоқамандон ва аъзои фаъоли ҳизбро барои ҳамкорӣ бо сомонаи расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват менамояд.

 АКС: маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Январь 28, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад
Дар беш аз 400 муассисаи тандурустии Тоҷикистон воситаҳо барои пардохти электронӣ насб гардиданд
Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст мегарданд
Ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
Дар назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бинои нави клиника ва дармонгоҳ бунёд мегардад
Соли равон 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир ва навсозӣ мегардад
Кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд
Ба намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуд