Тоқаев аз анҷоми фаъолияти СААД дар Қазоқистон хабар дод

Январь 11, 2022 12:09

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар тамоми манотиқи Қазоқистон мӯътадил буда, рисолати асосии СААД ба анҷом расидааст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳори назар намуд, хабар медиҳад ТАСС.

Ба гуфтаи президент, вазъ дар тамоми манотиқи Қазоқистон муътадил буда, рисолати асосии СААД анҷом ёфтааст. Хуруҷи неруҳои СААД аз Қазоқистон пас аз ду рӯз оғоз мешавад,-гуфт сарвари давлат.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳамчунин зикр кард, ки нақшаи ҳамла ба Қазоқистон маҷмӯӣ буда, болои он мутахассисони корозмуда кор кардаанд. Муттаҳидии ҷомеаи Қазоқистонро суст гардониданд, Кумитаи амнияти миллӣ хатарро пай набурд.

 

                                                                                АКС:Reuters

Январь 11, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид