Вакили мардумӣ филизгудозони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро даъват кард, ки дар Солҳои рушди саноат саҳм гузоранд

Январь 10, 2022 15:07

ТУРСУНЗОДА, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, Файзулло Баротзода, Рустам Раҳматзода ва Музаффар Маҳмудзода таҳти роҳнамоии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода  бо интихобкунандагон ва кормандони соҳаҳои тандурустию маориф ва саноатчиёну ҷавонони шаҳри  Турсунзода вохӯрӣ доир намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва иҷрои онро омили пешравии мамлакат арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат буда, волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро мебояд ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавонон бояд дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистон бештар саҳм гузоранд.

Мавсуф зикр намуд, ки экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масоилест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар фарди солими ҷомеа аст, ки дар мубориза бо ин амалҳои номатлуб фаъол бошад. Ҷавононро чунон бояд тарбия намуд, ки дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Солеҳа Холмаҳмадзода зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф зикр намуд, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ Сарвари давлат маорифро соҳаи муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад, аз ин лиҳоз кормандони соҳаро мебояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намоянд.

Зимни тавзеҳи Паёми Пешвои миллат Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор дошт, ки аз ҷониби Сарвари  давлат зимни ироаи Паём нисбат ба фаъолияти соҳаи маориф якчанд эродҳо баён гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳо дода шуданд. Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи маорифи шаҳрро мебояд барои бартараф намудани эродҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои соҳаи маориф суҳбати озод сурат гирифта, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия аз ҷониби кормандони соҳа пешниҳодҳо баён гардиданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо интихобкунандагон дар толори ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Зимни тавзеҳи паҳлӯҳои Паёми навбатӣ масъалаи вобаста ба рушди соҳаи саноат мавриди шарҳ қарор гирифта, зикр шуд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд.

Ин пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шаванд.

Вобаста ба пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз кулли саноатчиёни шаҳр, хусусан филизгудозони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳошияи Паём ва дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати давра ба давра боло бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва афзоиши маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Вакил Рустам Раҳматзода ҷанбаҳои иқтисодии Паёми навбатиро мавриди шарҳ қарор дода, иброз дошт, ки дар Паёми Президенти кишвар иқтисодиёт яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба он мисолҳои мушаххас оварда шудаанд. Аз ҷумла, агар соли 2000 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 миллиард сомониро ташкил диҳад, пас соли 2021 ин нишондиҳанда ба 28 миллиард сомонӣ расид. Бо дарназардошти он ки 10 соли аввали даврони соҳибистиқлолӣ бо низоъҳои дохилӣ гузаштааст, ин нишондиҳанда далели рушди бемайлони иқтисоди кишвар арзёбӣ гардида, дастоварди бесобиқа аст. Агар иқтисоди Тоҷикистонро, ки рушди он ба ҳисоби миёна ҳар сол 7,5 % таъмин гардидааст, бо иқтисодиёти давлатҳои ИДМ қиёс намоем, пас Тоҷикистон давлати дар ҳолати рушд қарордошта муаррифӣ мегардад, зеро ин нишондиҳанда дар миқёси давлатҳои ИДМ аз ҳама баланд ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон Рустам Раҳматзода афзуд, ки аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 таҳрики бузурге дар пешрафти иқтисодии кишварамон хоҳад буд.

Дар фарҷоми вохӯриҳо раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ба вакилон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ибрози сипос намуда, изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурамали ҳадафҳои созанда буда, роҳнамои беназирест сӯйи музаффарияти нав ба нав. Мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи дастурҳои аз Паём баромада саъю кӯшиш намуда, барои фардои гулафшони Ватан меҳнати софдилонаро идома медиҳанд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 10, 2022 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

27 декабр иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Қарори КМИР дар бораи таъсиси ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот манзур мегардад
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд
Минбаъд 11 январ Рӯзи кормандони мақомоти зиддиинҳисорӣ таҷлил мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод намуд
41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ якчанд лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад