ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волидайн бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор волидайни сарбозоне, ки фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Панҷ ва Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон адои қарзи фарзандӣ – хизмати Модар – Ватанро мекунанд, бо шароити онҳо шинос шуданд.
Ҳайати мазкур бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо туҳфаю дастовез вориди қисмҳои ҳарбӣ гардида, чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ доир намуда, қисмҳои ҳарбӣ ва сарбозон бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва дигар ниҳодҳои дахлдор қадрдонӣ карда шуданд.
АКСҲО: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор