Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 24 феврал Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Валентина Матвиенкоро муовинони ӯ, раисон ва аъзои кумитаҳои Шӯрои Федератсия, кормандони масъули Дастгоҳи Шӯрои Федератсия, муовини якуми вазири маориф, губернаторони вилоятҳои Самара, Кострома, Челябинск, Курган ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
АКС: ММ МО ҶТ








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






