ҲАДИСИ МУСАВВАР. Исфара ғарқи гул аст
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дар шаҳри Исфара дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони боғот зиёда аз 13 300 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 11 ҳазор гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, имрӯзҳо шаҳри Исфара ғарқи гул гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки мардуми шаҳри Исфара ҳам дар боғдорӣ ва ҳам дар хушк кардани навъҳои гуногуни мевагӣ таҷрибаи ғании аҷдодӣ доранд. Инчунин соҳибкорони шаҳри мазкур дар самти коркарду банду басти меваи хушк ва содироти он ба хориҷи кишвар пешсаф мебошанд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд