Ҳайати Тоҷикистон дар машваратҳои сиёсии давлатҳои узви СҲШ дар Москва иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар машваратҳои сиёсии давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ 20 апрел дар Москва иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни машваратҳо оид ба фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар самти муқовимат бо «се неруи бадӣ» – терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, инчунин оид ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир табодули афкор сурат гирифт.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммият ва зарурати қабули қарор дар бораи таъсиси Маркази зидди мухаддироти СҲШ ҳамчун як ниҳоди алоҳидаи доимӣ дар шаҳри Душанберо зикр кард.
Гузашта аз ин, дар рафти машваратҳо ба вазъияти Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҷонибҳо мавқеи ҳамоҳангшударо роҷеъ ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир бо шумули намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои этникию сиёсии ҷамъияти Афғонистон таъкид карданд.
Дар ин замина Ф. Салим аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ёдовар шуд.
Пас аз машваратҳо мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор гардид.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бахшида ба Эъломияи Куруши Кабир конфронси илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид
Фаррух Ҳамрализода бо сафири Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нико Схермерс мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти «Маркази тиҷоратии ҷаҳонӣ»-и иёлати Ютаҳи ИМА вохӯрӣ намуд






