Ҷаласаи маҷозии гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия доир ба соҳаи кишоварзӣ сурат гирифт

Апрель 20, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел ҷаласаи маҷозии гурӯҳи кории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир ба соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо вобаста ба соҳаи мазкур миёни ду давлат, инчунин таҳияи «Харитаи роҳ» барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 мавриди музокироти ҷонибҳо қарор гирифтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Дар ҷаласаи корӣ  муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ доир ба имконоти мавҷуда ва истифодаи ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзии мамлакат ба иштирокдорон маълумот дод.

Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти минбаъдаи ҳамкории вазоратҳои мазкурро оид ба муомилоти маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташаккули феҳристи ширкатҳои содиркунанда, инчунин якчанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, ки имкони афзоиши содироти мутақобила ба бозорҳои ҳарду кишварро доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин масоили бастани шартномаҳои мустақим оид ба таҳвили ваксинаҳои байторӣ ва системаҳои ташхиси тестӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ ва фитосанитариро мавриди таҳлил қарор доданд.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Апрель 20, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид