Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Апрель 28, 2022 16:13

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон  муайян гардиданд. Новобаста аз имконияти маҳдуди молиявии давлат таъмини шуғли аҳолӣ, шароити муносиби корӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон аз рӯзҳои аввал ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат дарҷ гардидаанд. Тибқи  Конститутсия, «ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми  бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақалли музди меҳнат набояд кам бошад. Ин нуқтаро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода зимни ҳамоиши аъзои Кумитаи миллии сетарафа оид ба меҳнати арзанда ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки 28 апрел бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат баргузор шуд, баён намуд.

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иброз дошт, ки «давоми  солҳои истиқлоли давлатӣ соҳаи ҳифзи меҳнат дар мамлакати мо тадриҷан рушд карда, нишондиҳандаҳои асосии он ба маротиб афзоиш ёфтаанд».

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС яке аз аввалин давлатҳоест, ки узви Созмони байналмилалии меҳнат шуда, конвенсия ва тавсияҳои ин ташкилоти байналмилалиро эътироф намудааст. Дар ин замина, соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат қабул гардида, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Тайи давраи Истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ шаклҳои нави муносибатҳои меҳнатиро ба вуҷуд оварданд. Бо назардошти ин омилҳо соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид.

Дар ҳамоиш аз ҷониби муовини сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Фирӯза Ҳабибӣ лоиҳаи Барнома оид ба ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯнамоӣ гардид.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон андешаҳои худро доир ба масоили мубрами Рӯзи ҳифзи меҳнати кормандон, аз қабили: назорат дар соҳаи ҳифзи меҳнати ҷумҳурӣ, тақвияти минбаъдаи назорати ҷамъиятии ҳифзи меҳнат, нақши иттифоқҳои касаба дар самти мазкур, таҳлили ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноату кӯҳкорӣ ва тадбирҳои пешгирикунандаи ҳаводиси нохуш, бемориҳои касбӣ, хусусият ва тадбирҳои пешгирикунандаи онҳо, роҳҳои ҳалли масоили соҳаи меъёрбандии меҳнат, иқтисоди рақамӣ ва масоили ҳифзи меҳнати кормандон баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 1996 бо ташаббуси Созмони  Байналмиллалии Меҳнат расман таклиф пешниҳод гардид, ки Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат таъсис дода шавад. Барои гузаронидани ин ид 28 апрел интихоб карда шуд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Апрель 28, 2022 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд