Дар Восеъ довталабони хизмати аскарӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд

Апрель 19, 2022 17:51

ВОСЕЪ, 19.04.2022  /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва таъмин намудани шаҳодатномаи ронандагӣ аз ҷониби мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори  мудофиа ба 44 нафар довталаби хизмати аскарӣ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Сардори мактаби автомобилӣ, лейтенант Сафаралӣ  Мирзоев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода гуфт, ки 44 нафар довталаби хизмати аскарӣ дар муддати се моҳ курсҳои ронандагӣ омӯхта, бо  дараҷаҳои  «Б» ва  «С» таъмин  шуда, дар ин даъвати баҳорӣ ба қисмҳои низомӣ сафарбар карда шудаанд.

Сафаралӣ Мирзоев афзуд, ки дар мактаби автомобилӣ 4 мошини сабукрав барои машғулиятҳои амалӣ фаъолият дошта, инчунин синфхонаи махсус, ки дар он қисмҳои эҳтиётии нақлиёт мавҷуд аст, ба довталабон омӯзонида мешавад.

Довталабон ба ғайр аз омӯхтани қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, инчунин  ба машғулиятҳои ҳарбӣ,  аз қабили  давидан,  ба қисмҳо ҷудо кардани автомат, тирпарронӣ, саф кашидан ва ғайра машғул мешаванд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол набудани хобгоҳ ба довталабон мушкилӣ эҷод менамояд ва барои бартараф кардани ин мушкилӣ масъулини мактаб тасмим гирифтааст, ки  аз моҳи июли соли равон сохтмони хобгоҳро  оғоз намояд.

АКС аз муаллиф

Апрель 19, 2022 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад