Дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонии жола анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд минтақаҳои кишвар корҳои безараргардонии жоларо анҷом дод. Хати ҳаракати тӯфони хавфнок бо снарядҳои зиддижолаи намуди Алазан безарар гардонида шуд, хабар доданд дар Кумитаи мазкур.
«Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирии ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити кунунии иқтисодӣ тамоми хадамот тадбирҳои ҳифзи зироати кишоварзиро пурзӯр намудаанд. Безараргардонии жола имкон медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ ҳифз карда шаванд», — гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Ҳамчунин оқибатҳои омадани сел дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш бартараф карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки 21 апрел, соати 06:30 аз баста шудани роҳи мошингарди Ваҳдат – Рашт – Лахш хабар расид. Боронҳои пуршиддати шаби гузашта сабаби омадани сели азим дар ин минтақа шуданд. Бино ба гузориши расида, сел километрҳои 94-96 роҳро аз сангу шағал ва лойқа пур карда, ҳаракати мошинҳоро номумкин намуд.
Барои бартараф намудани пайомади ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ва имдодгарони Кумита ҷалб шуданд. Соати 07:30 дақиқа роҳ пурра аз селовардҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ду самт таъмин гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»






